Читать онлайн Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо бесплатно

Сафед. Маҷмӯаи шеърҳо

© Шаҳзод Кенҷазода, 2024

ISBN 978-5-0062-8398-5

Создано в интеллектуальной издательской системе Ridero

Ту барои ман азизӣ!

  • Ту барои ман азизӣ!
  • Ту барои ман тамоми дилу ҷонӣ,
  • ки нафасҳои ман аз будани он мехезад,
  • Ва забонам, ки фақат номи туро медонад,
  • Ва ду чашмам, ки туро мебинад,
  • Ва лабонам, ки зи лабҳои ту як бӯсаи гарм
  • Ва танам оғӯшат
  • Ва ду дастам, ки ба зулфи ту зи ночорӣ
  •                                                              раҳе мехоҳад,
  • Ту ба ман бо ҳамаи ҳастият
  • ва ба ин хомушию мастият
  • Каси даркортарини манӣ, зебои дилам!
  • Ту барои ман азизӣ!
  • Ки дигар ҳеч касе, мисли ту бар дил
  •                                                       натавонад нишаст,
  • Ва қафас роҳи дигарро ба ҳама хубу баде
  •                                                                    рост бибаст.
  • Лаҳзаеро, ки ба ман бахшидӣ,
  • Дами зебои ҷаҳон буд барои мани девона ҳамон,
  • Ту зи ман дур мабош,
  • Ту фақат бо ман мон!
  • Ту барои ман азизӣ!
  • Чӣ бигӯям,
  • Чӣ нагӯям…
  • Чӣ ки мегӯиву гуфтиву шунудам,
  •                                            ҳамааш дар ёдам
  • Ту ки ҳастӣ мани зиндонӣ ҳаме озодам…
  • Ростӣ
  • ман зи ҳаётам
  • Бо ту бошам
  • шодам!…

«Дар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо…»

  • Дар мавҷи зиндагист, саропо вуҷуди мо,
  • Фарқе надорад бар касе, буду набуди мо.
  • Пас аз ғаме пайдо шавад, андӯҳи тозае,
  • То оташи дигар занад, бар рӯйи дуди мо.
  • Ҷуғрофиёи ин замин танг асту бесамар,
  • Дар назди ҳаҷми ғуссаҳои беҳудуди мо.
  • Созанда, най навозу бигӯ бар мани асир,
  • Оё ту дидӣ ранг, ба сақфи кабуди мо?
  • Аз мо набуду хостем, аз мо шавад яке,
  • Бо латма мерабояд онро ҳасуди мо.
  • Кай омадан сиёҳ буд, кай рафтан ончунон,
  • Оғози марги мост, рафиқам, вуруди мо.

«Ман ба дил кандани дилдор, надорам бовар…»

  • Ман ба дил кандани дилдор, надорам бовар,
  • Ва чун осон шавам инкор, надорам бовар.
  • Дар нигоҳаш ҳама дарде, ки аён аст маро,
  • Бизанад хандаи саршор, надорам бовар.
  • Лаҳзаҳо мегузаранду ғами ман дар қафасам,
  • «Хайр!» гӯяд саду як бор, надорам бовар.
  • Дили мо хонаи хубест, вале бе дару дом,
  • Ҳар кӣ ояд, накунад кор, надорам бовар.
  • Зиндагонӣ ба сари мо чӣ ҷафоҳо дорад?
  • Ба сукути сари бозор, надорам бовар.
  • Онкӣ мисли мани ошиқ ҳамагӣ бедор аст,
  • Дорад аз ман ғами бисёр? Надорам бовар.
  • Ҳарчӣ гуфтанду бигӯянду нагӯянд, вале
  • Ман ба дил кандани хуммор, надорам бовар!

«Мо наметарсем аз теғу туфанги ҳеч кас…»

  • Мо наметарсем аз теғу туфанги ҳеч кас,
  • Мо намехоҳем бедодиву ҷанги ҳеч кас.
  • Мо намедонем пиндори бадеро аз азал,
  • Мо намеронем ҳарф аз ному нанги ҳеч кас.
  • Мо намегӯем дар ин зиндагӣ чизе бад аст,
  • Мо намемонем бар тасвиру ранги ҳеч кас.
  • Мо намеҷӯем айб аз кори ҳар бечорае,
  • Мо намедорем хас бар чашми танги ҳеч кас.
  • Мо намехандем бар ҳоли ҳақиқатгуфтагон,
  • Мо намемирем аз борони санги ҳеч кас.
  • Мо намесозем аз сар кӯҳҳои бесурур,
  • Мо намегардем роҳи пойи ланги ҳеч кас.
  • Мо наметонем оё, пас бигӯедам чаро,
  • Мо намегирем мулки худ зи чанги ҳеч кас?
  • Мо намеғунҷем, эй дил, бо ту бар рӯйи замин,
  • Мо намесӯзем қалби поку шанги ҳеч кас!…

«Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст…»

  • Гарчӣ дилҳо ҳамагӣ бар рухи ту побанд аст,
  • Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!
  • Ишқ чун омада, медонӣ ба қалби ошиқ?
  • Боиси ин ҳама девонагӣ як лабханд аст.
  • «Дӯст дорам!» Ба ҳама гуфтани ин нодонист,
  • Агар онро ту шунидӣ, ки ҳамон савганд аст!
  • Боварӣ дорӣ, агар дӯст надорӣ ту касе,
  • Ба дили мо бинигар, ойинаи дилбанд аст.
  • Ишқ – вақте ба ту ғам омадаву танҳоӣ,
  • Лек аз дидани аксе дили ту хурсанд аст?
  • Ишқ, яъне ба ту маънои ҳаётат омад,
  • Ки ту меҷӯӣ варо, лек надидӣ, чанд аст.
  • Ишқ – он аст, ба дилдодаи худ мегӯӣ:
  • – Ишқ зебост, ба зебоии ту монанд аст!

«Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад…»

  • Сияҳчашмони ту аз сар бурун созад
  •                                                                 хаёли мо,
  • Наметарсӣ чаро ин гуна аз қаҳру уболи мо?
  • Чу як девона такрораш кунам, аммо намеёбам,
  • Бигӯ то кай ҷавоберо намеёбад суоли мо?
  • Дар ин танҳоӣ мегардам, зи худ бегонаву шояд,
  • Касе ёбад хабар аз хастагии қалбу ҳоли мо.
  • Намедонам кадомин лаҳза мепӯшад ба тан ҷома,
  • Ба мисли кӯдаки урён, таманнои муҳоли мо.
  • Кӣ мебозад ба ҷуз мо дар тамошогоҳи ин дунё,
  • Чунин девонавор аз ишқи ту дар саҳна роли мо.
  • Нашуд баъд аз вафоти Ҳофизи Шерозӣ кас пайдо,
  • Ки созад рӯзу шаб зоҳир,
  •                                              чунон риндона фоли мо.
  • Кунун парвози одам дар ҳаво он сон
  •                                                                 гарон гардид,
  • Ҳама донад, шикастӣ, ҳамчу дилҳо бехи боли мо.
  • Биё, бо зӯри лабханде, ҷаҳонеро чароғон кун,
  • Намедонӣ, чӣ тур мӯҳтоҷи ишқ аст эҳтимоли мо.

«Чӣ тавр аз ин дилам берун кунам…»

  • Чӣ тавр аз ин дилам берун кунам
  •                                                               ёди туро ҷонон?
  • Дилам гӯяд макун қаҳру
  •                                             бирав созиш бикун бо он.
  • Намегӯям, намегӯям, чунин ҳастам,
  •                                                                   чунон ҳастам,
  • Ҳазорон дардро дар кунҷи қалбам
  •                                                              кардаам пинҳон.
  • Куҷо хуршед метобад, намебинам, чаро, эй дил?
  • Бароям осмон абрист, ҳар дам мезанад борон.
  • Касеро ман намехоҳам, намедонам, чӣ мехоҳам?
  • Туро ман дӯст медорам, туӣ наздиктарам аз ҷон.
  • Ба рӯят аз тағофул чизи дигарро намебинам,
  • Агар рӯзе бимирам аз фироқат, мешавӣ ҳайрон?
  • Бирав, эй марди доно, нест инҷо ҷойи хомӯшӣ,
  • Аз ин девонагӣ ҳосил гирифтам, гаштаам сарсон.
  • Бипурсидам зи бас, шояд касе инро намедонад,
  • Куҷо оғоз шуд ин қисса кай пайдо кунад сомон?
  • Тамоми умри кӯтоҳам, ба ҳиҷри чеҳраи моҳат,
  • Гузашт, эй меҳрабон, о, ин дилам
  •                                                     бар ҳоли худ гардон!

«Магар аз хона биронанд…»

  • Магар аз хона биронанд,
  •                                                куҷо меравӣ, эй дӯст?
  • Хаста чун кӯҳи Дамованд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
  • Ҳама манзил, ки ба як ҷо барад охар сари моро,
  • Ту ба ҷуз назди Худованд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
  • Умри якбора ба оворагӣ бигзашта равад, ҳайф,
  • Ту на сарсон шудӣ ҳарчанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
  • Ҳар қадар сонияи мо, ки ишорат диҳад аз ғайб,
  • Бишнав аз фосила як панд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
  • Гарчи бишкастӣ тамоми дилу ҷонро, чӣ бигӯям?
  • Ба амал кардани савганд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
  • Шавқи дидори ту дар дида аён аст, биё,
  •                                                                     то бо ман,
  • Ҳамнафас бошиву хурсанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?
  • Роҳи мақсуди ту дур аст, бале, дури дарози беҳад,
  • Пеши ман о, ба Самарқанд, куҷо меравӣ, эй дӯст?

«Ин чӣ сиррест…»

  • Ин чӣ сиррест,
  •                        ки дар ҷони ту пинҳон шудааст?
  • Он чӣ сӯзест, ба мо решаи фармон шудааст?
  • То кунун рӯйи ҷаҳон ҳамсафари ишқ, ки буд
  • Аз нигоҳи дили Маҷнун ҳама ҳайрон шудааст.
  • Назаре афканӣ кофист ба мо, вовайло,
  • Дидаат мурдаи моро ҳама дармон шудааст.
  • Зи куҷое ба замин Одаму Ҳавво омад?
  • Пас аз он манзили мо хонаи шайтон шудааст.
  • Айби мо бар сари нафсе натовон истодем,
  • Баски он дам ба шикоят сари имкон шудааст.
  • Ақл дорему забон, дида, ҷаҳон мебинем,
  • Чанд кӯре ба ҳавас гӯӣ мусалмон шудааст.
  • Қалби вайронаи моро туӣ меъмори азиз,
  • Чи кунам, чун дили зебои ту вайрон шудааст?

Самарқандам

18-уми октябр —

рӯзи шаҳри Самарқанд аст

  • Бароям, эй сабо, овардӣ пайғоми Самарқандам,
  • Ки дурам ман, чӣ зебо гуфтиям
  •                                                       номи Самарқандам.
  • Забон ҳайрон, бигӯям ё нагӯям,
  •                                                       шодӣ рафт аз ман,
  • Мусофирам, ба ёд ояд, фақат коми Самарқандам.
  • Шаби торик, хиёбони ҷавонон, боми Регистон,
  • Шабеҳи он набошад дар замин,
  •                                                        роми Самарқандам.
  • Агар амсоли онро ман кунам таъриф, куҷо дорад,
  • Чу нону обу себу ноку бодоми Самарқандам?!
  • Замину осмонаш пок,
  •                                      чун халқи накӯву хоксори худ,
  • Ҳама фориғ зи ғам,
  •                                     озодӣ – аҳкоми Самарқандам.
  • Намехоҳам, тамоми сарвати дунё шавад аз ман,
  • Бароям беҳтарин ҷоиза,
  •                                            шаҳҷомӣ – Самарқандам.

Ромишгари бузург

Ба Устод Муҳаммадризо Шаҷариён

  • Эй садоят аз баландиҳо ба мо орад хабар,
  • Ин садоро аз дили мо то абад, ҳаргиз мабар.
  • Эй замину осмон муштоқи оҳанги нават,
  • Бар хурӯш о!…
  •                   Наъра зан!…
  •                                   Исён кун!
  •                                                Ғамро бубар!…
  • Эй, ки дар майхонаи мо май туӣ, соғар туӣ,
  • Дар замони безабон, танҳотарин довар туӣ.
  • Ғарқи ишқему ба мо аз дардҳо ёвар туӣ,
  • Боз ҳам андешаи нав ор, чун гулҳо ба бар.
  • Мо зи оҳанги ту ҷонро бар амон овардаем,
  • Мо чароғ андар ниҳоди ин замон овардаем.
  • Мо туро ҳамчун ба қалби хеш аз он овардаем,
  • Боз рӯҳи ҳар касе бинмо ба оҳангат забар.
  • Як суруди ошиқона, як суруди беғубор,
  • Аз ту мехоҳем, эй Устоди бузурги табор.
  • Бо садоят бар дили мо завқ ор, озодӣ ор,
  • То касе натвон занад бар решаҳои мо табар.
  • Эй замину осмон муштоқи оҳанги нават,
  • Хезу бо ҳар ғуссаҳои умр, чун Рустам, ситез!…

«Тулӯъи партави ҳуснат…»

  • Тулӯъи партави ҳуснат
  •                                             бароям доварӣ дорад,
  • Хушо, ки дидани рӯи ту меҳри ховарӣ дорад.
  • Ба ишқам бо нигоҳи шӯхӣ мангар, эй малаксимо,
  • Дилам бар ваъдаи барбоди ту чун боварӣ дорад.
  • Ҷафоҳоят пазируфтам, пазироям, ки баъд аз ин
  • Фалак бар дидаи мо турфа нақшу соварӣ дорад.
  • Бигӯям шукри Яздоне, маро осуда медорад,
  • Ба посухи машаққат андаке ҳам ёварӣ дорад.
  • Зи оғӯши баҳори худ маро бебаҳра месозӣ,
  • Дарахти умри мо гаҳ хушку гаҳ бороварӣ дорад.
  • Маро дар оташи ишқат бисӯзонӣ, намемирам,
  • Муҳаббат ин чунин зӯру сари ҷанговарӣ дорад.

«Садои хаста будани маро шунидани ту бас…»

  • Садои хаста будани маро шунидани ту бас,
  • Маро ҳамин шуниданат, диҳад ҳазору як нафас.
  • Ба рағми одатам, туро намекунам дигар хаёл,
  • Чи гуна ишқи меҳрубон, ситам кунад ба ҷони кас.
  • Кабӯтаре, ба сӯи ман наё, зи ман хабар нагир,
  • Бубин чи тавр ҳолатам, бубин чи танг шуд қафас.
  • Дар ин ҳавои зиндагӣ шамоли тунд мевазад,
  • Ту пушту пешро нигар, намонда ҳеҷ асар ба пас.
  • Азизи ман, ба роҳаму равам ба назди ту, басе
  • Зи теғи чашми ҷодуят, зиёда мешавад ҳавас.
  • Ҳама ҷафо барои як нафар гаронӣ мекунад,
  • Агар навозише бувад, шарик намо, ба қадри хас.

«Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст…»

  • Таърих на имрӯзу на фардои ҷаҳон аст,
  • Бигзашта дақиқу олами ғайб ниҳон аст.
  • Илму амали мо ҳамагӣ баҳри паёмест,
  • Аз бори сипаргашта бари хайр гарон аст.
  • Беҳуда маҷӯем нивиштори ниёгон,
  • Маҷмӯаи пай дар пайи андӯҳу фиғон аст.
  • Болиданамон аз ҳама ин наҳри аён чист?
  • Не ҳоҷати гуфтору на даркори баён аст.
  • Бо фурсати имрӯза фақат роҳ кушоем,
  • Ҳар лаҳза ба пайдоиши мӯъҷиза макон аст.
  • Ояндаи рахшон ба назар мерасад ар ҳол,
  • Дар дил шараре бошаду пайванди такон аст.
  • Ин гардиши сонияи умр аст, на таърих,
  • Пирӯзию иқбол ки вобаста бар он аст.
  • Рӯйоварӣ дар асри тамаддун ба қафо ҳайф,
  • Идроки қавӣ бештар аз тиру камон аст.
  • Дар кӯи наҷоти ҳама мақсуди абармард,
  • Андӯхтани ҳолати имрӯзи замон аст.

Падар

  • Ҳар замон аз буданам дар ин замин
  • Мешавам шодон, чу тифли безабон.
  • Менамоям шукри яздоне, ки ҳаст
  • Мекунам шукри тамоми ин ҷаҳон.
  • Рӯз то рӯз мерасам ман бар камол,
  • Аз набудиҳо нагаштам дарбадар.
  • То кунун ҳаргиз надидам ман завол,
  • Дар сарам чун соябон гардид падар.
  • Ёд дорам, ҳарфи абҷадро шабе,
  • Бо ҳазорон ранҷҳо омӯхтам.
  • Буд он устоди ман, шодон будам,
  • Гӯиё асрори ганҷ омӯхтам.
  • Пеш рафтан дар раҳи некўву ҳақ,
  • Он биёмӯхт, ин шиори зиндагист.
  • Ишқ варзидан ба илму маърифат
  • Як қадам бар давраи тобандагист.
  • Борҳо таъкид намуд, бар ман: – Писар!
  • Шоирӣ бар дӯши ту орад ғаме!
  • Лек, аммо, ман набитвонам падар,
  • Тарки шеъру шоирӣ кардан даме.
  • Дар раги ман хун занад туғён чу мавҷ,
  • Ин ҳамон хуне, ки дар рагҳои ӯст.
  • Гар расад рӯзе сарам бар тоқи авҷ,
  • Ин ҳама аз ранҷу захматҳои ӯст.

Ҷавонӣ

  • Ҷавонӣ! Бо ту ман аз кӯчаҳо бисёр нагзаштам,
  • накардам бештар монанди дигарҳо худандозӣ.
  • Ба ишратҳои беҳамтову даври дӯстонам ҳам,
  • надидам ҳеч худро дар миёни баҳсу лаҷбозӣ.
  • Ҷавонам то ҳанӯз аммо, мисоли ман ҷавоне ку?
  • Чунон саргарми ғавғоям, ки гӯӣ дар сарам олам.
  • Надорам тоқате бар ҳарзагӯиҳову мастиҳо,
  • Барои бо худам будан, ҷаҳони холӣ мехоҳам!
  • Ман андар байни ин дунёю он дунё парешонам,
  • Ба рӯҳам ҷомае пӯшидаам, оҳиста месӯзад.
  • На оташ медиҳад анҷом ин умри гаронамро,
  • Ман аз теғе бимирам,
  •                                  к-он нигаҳ бар сина медӯзад.
  • Ҷавониям, чунон зуд аз барам парвоз мехоҳад,
  • Дигаргун мешавад то рафт дар оинаҳо тасвир.
  • Наметарсам сиёҳи мӯям ар гардад сапед, ин сон
  • Дарахтон сабз мерӯянду хокӣ мешаванд охир.
  • Ҳазорон ҳайф, медонам, ҷавонӣ барнамегардад,
  • Аз ин рӯ, ман ҳамин ҳоло, худамро боз месозам.
  • Ба шеърам медиҳам болу ба ҳарфи хеш озодӣ,
  • чу бо ҳар як сухан бар қалби инсоне раҳ андозам.
  • Ҷавонӣ! Бо ту мехоҳам, рафиқи ҷоние бошам,
  • Набитвонад ҷудо кардан туро аз ман талотумҳо.
  • Гузашти солу маҳ орад, агар чанде ба рӯ ожанг,
  • бароям даргузашту пирӣ монад ҳамчу мафҳумҳо.

Олу

  • Як дона олуро гирифту бар даҳон андохт,
  • бо дидани ман дар лабаш лабхандҳо омад.
  • Бо нӯги мӯяш аз ҳаё бар бозие пардохт,
  • аз дидаам чашмаш гирифту бар замин омад.
  • Гӯӣ ки дар умқи нигоҳам буд шарори барқ,
  • ё сад ҳазорон ҷилваи кайҳони бепоён.
  • Аз ман намедонист куҷо бигрезад ин ҳангом,
  • ман бо тамоми ҳастиям дар иффати ӯ ғарқ.
  • Мо ҳар ду худ биспарда будем андари доме,
  • чун як асири шодмон, чун бастаи озод.
  • Дар ақл оромию дар дил шӯълаи коме,
  • танҳо ба ҳоли мо гувоҳе буд, ки ӯ ҳам бод.
  • Оҳиста поям мениҳам сӯи парипайкар,
  • оҳиста лаб во мекунам то ҳоли ӯ донам.
  • Ваҳ, ин чӣ зебоӣ? Кӣ зод онро чу як заргар?
  • Ваҳ, ин чӣ эҳсосе, ки ман ҳозир диҳам ҷонам?
  • Дар рӯи ӯ сурхии олу мешавад пайдо,
  • дар чашми ман уммеди будан дар бараш як дам.
  • Кош ин дами тӯлонии умрам шавад, аммо
  • ҳусни варо то лаҳзаи охир надидан кам!…

Пазироӣ

  • Ман худамро мешиносам!
  • Одамам дар мавҷи одамҳои дунёе, ки меҳмон мешаванд ҳар рӯзу нобуд ҳам,
  • Одамам, буду набудам бо Ҳаво вобаста, медонам.
  • Андарунам баҳри сурхе то нафас дорам
  •                                                                         ҳавас дорад,
  • Сайр бинмояд тамоми ҷисму ҷонамро.
  • Ман худамро мешиносам!
  • Зодаи деҳам ва дар шаҳре худамро
  •                                                               ҷустуҷӯ дорам,
  • Ҳарфҳоям бӯи деҳистону
  •                              рафторам намуди деҳаро дорад,
  • То ҳанӯз аз худ намесозам каси воломақомеро,
  • Чун ки дар деҳам ҳама монанди кӯҳу
  •                                                                хонаи лоянд,
  • Содаву бо ҳам қарину бериё, дилбанд.
  • Тифлаке будам, падар аз дасти ман медошт,
  • Шояд аз дасташ гузашт ин шоирӣ бар ман.
  • Як дам аз шеъру ғазал дурӣ надидам ҳеч,
  • Лаҳзае бар ин ҷудоӣ тоқатам ҳам нест,
  • Ман худамро бо китоби панди Мавлоно,
  • Бо шакаргуфториҳои Саъдии Шероз,
  • Бо нигоҳи Ҳофизу бо дониши Сино,
  • Бо насиҳатҳои Соиб мекунам пайдо.
  • Ман худамро мешиносам, мекунам эҷод,
  • Ишқ меорад ба лаб оҳанги зеборо.
  • Гоҳ ғарқи олами беш аз тамоми ҳастии худ мешавам чун бод,
  • Гоҳ баҳри сардии андешаҳое мешавам оташ,
  • Гоҳ баҳри сабзии гулҳои дил обам,
  • Аз азал хокию охир ҳамбари хокам,
  • Дар замини кӯчаке монанди афлокам!
  • Ман худамро мешиносам!
  • Ин ҳанӯз андак,
  • Худшиносӣ мекунам то лаҳзаи поён,
  • Қуллаҳое ҳаст дар ман, худ намедонам,
  • Бо гузашти умр як-як мешавад равшан.
  • Мепазирам ман шуморо ношиносонам,
  • Қуллаҳои ноаёни ошнои ман!

«Одатам нест, касеро ба касе бифрӯшам…»

  • Одатам нест, касеро ба касе бифрӯшам,
  • Одатам нест, ба ҳарфи ҳама додан гӯшам.
  • Одатам боварии беш ба худ доштан аст,
  • Одатам дар дили ҳар кас ҳавасе коштан аст.
  • Баҳри ин мардуми хушҳол диҳам дорамро,
  • Ҳеч нагзошта бар дӯши касе борамро.
  • Одатам то ки тавонам бинишонам дарахт,
  • Диҳад он соя ба гармию диҳад мева ба сахт.
  • Дӯст дорам бинишинам ба бари дӯст ҳаме,
  • Байни ин давра фақат сулҳу ба дил нест ғаме.
  • Дӯст дорам шунавам ҳарфи рафиқонамро,
  • Дӯст дорам бидиҳам гар талабад ҷонамро.
  • Ман аз ин ҷо ба худам ҳеч намехоҳам, ҳеч,
  • Бигзарад бо ману бе ман нафасе андар печ.
  • То ҷаҳон ҳаст, фақат сулҳ ба олам хоҳам,
  • То ҷаҳон ҳаст, фақат меҳр ба одам хоҳам.

«Туро озурда мебинам…»

  • Туро озурда мебинам,
  •                                     дилат хун гашта баъд аз ман,
  • Табассум кам ва андӯҳу ғам афзун гашта
  •                                                                      баъд аз ман.
  • Зимистони замин яксон намудаст он нигоҳатро,
  • Магар нодида мегирад, ҳама ин дарду оҳатро?
  • Намехоҳӣ ҷудо гардӣ зи ёдам хуб медонам,
  • Тамоми хотироти боҳамӣ маҳбуб медонам.
  • Бароям лаҳзаҳои ҳамдамӣ буд мисли як рӯъё,
  • Набояд буд раҳо кардан, кунун фаҳмидам он гӯё.
  • Вале дер аст, акнун бар пушаймонӣ, ки медонӣ,
  • Ту ҳам монанди ман лаб баста
  •                                                     дар торикӣ мемонӣ.
  • Писанди мо ғурур андар миёни ишқу худхоҳӣ,
  • Ман ар шоҳи ҷаҳон бошам,
  •                                          ту дар қайди фалак моҳӣ.
  • Замин ҷои бузурге нест, ин танҳоии мо низ,
Читать далее